Таъмини амнияти озуқавории кишвар вазифаи хоҷагидорон мебошад.

.

Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ ва пешгирии хушкшавии дарахтони мевадиҳанда рӯзи 24 июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи корӣ бо иштироки и. в. Раиси шаҳри Левакант Давалатзода З.Д., муовини якуми раиси шаҳр Абдулмуминзода А, намояндагони прокуратура, нозироти андоз, мудирони бахшҳои омор, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, раисони ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат»-у «Гулистон», роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарварию  боѓпарварии шаҳр доир гардид.

 

Мақсад аз баргузории ин ҷаласа таъмини амнияти озуқавории кишвар бо маҳсулотҳои ватанӣ аз ҷумла иҷро намудани дурнамои истеҳсоли моҳӣ ва мевагиҳо мебошад.