Омодагӣ ба соли нави хониш
Рӯзи 24.07.2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи назди раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси шаҳр Абдулмуминзода А., мудири бахши маорифи шаҳр Абдулов М., директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони коргоҳҳои дӯзандагӣ иштирок доштанд.
Раиси шаҳр оид ба дӯхти сару либоси мактабӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва сохтани синфхонаҳои иловагӣ гуфта гузаштанд.
Ба ҳамаи директорони муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои дӯзандагӣ супориш дода шуд, ки нақшаи харидории сару либоси мактабиро то 15.08.2019 пурра иҷро намоянд.
Инчунин ба директорони муассисаҳои таълимии №9,№5,№12 барои сохтумони синфхонаи иловагӣ то оѓози соли таҳсил муҳлат дода шуда, онҳо вазифадор гардиданд, ки оид ба анҷоми корҳои ба сомон расонидашуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ахборот пешниҳод намоянд.