Бо шуғл фаро гирифтани занону духтарон дар мадди назар

.

Рӯзи 29 июл муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита бо кормандони коргоҳи дӯзандагии «Мадина» вохӯрда, бо онҳо доир ба ҷалби духтарон ба ҳунармандию  ҳунаромӯзӣ, дастгирии онҳо, дӯхти сару либоси ягонаи мактабӣ дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр сухан гуфтанд.

 Қайд гардид, ки бо шуғл фаро гирифтани занону ҷавондухтарон, таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат яке аз самтҳои фаъолияти ҲХДТ буда, барои ноил шудан ба ин мақсад тадбирҳои зиёд андешида мешавад.

Маҳз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки чанд нафар аз бонувони шаҳр бо гирифтани грантҳои президентӣ ва раиси вилоят якчанд коргоҳҳо бунёд намуданд, ки коргоҳи «Мадина» яке аз онҳост. Раъно Қурбонова, роҳбари корхона, ки яке аз аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Левакант мебошад, дар якҷоягӣ бо шогирдонаш имрӯзҳо ба дӯхти сару либоси ягонаи мактабӣ барои мактаббачагони шаҳр машғул буда, бо тарафдори аз Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» ният дорад ба якчанд нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд сару либоси мактабӣ туҳфа намояд.