"Роғун" дар 6 моҳ 210,5 млн киловат-соат барқ истеҳсол кардааст

.

Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" дар шаш моҳи аввали соли равон 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" ҳудуди як моҳ хомӯш шуда буд.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 31-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар нимсол аз "Роғун" 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ харидаанд.

Чархаи якуми "Роғун" моҳи ноябри соли гузашта фаъол шуд. Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.

"Роғун" аз тарҳи пурхарҷтарин дар Тоҷикистон аст. Соле миллионҳо сомонӣ барои он сарф мешавад. Манбаи харҷ аз будҷаи давлат ва пулест, ки дар оғози сохтмон аз мардум дар ивази саҳмияҳо ҷамъ кардаанд ва евробондҳое, ки ба маблағи панҷсад миллион доллар ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта шуд.