Вохурии гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Зағиртут

.

29 июли соли 2019 дар деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо иштироки муовини раиси шаҳр Қурбонова Н.С, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Сармисоқова Х.Р бо сокинони деҳаи Зағиртут вохӯри доир гардид.

 

Дар вохӯри бо сокинон оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри  Левакант аз 28.06.2019 таҳти №201, «Оид ба карори раиси вилояти Хатлон аз 17 июни  соли 2019, № 167 «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2019-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Курбонова Н.С дар баромади худ қайд карданд, ки аз тарафи раиси шаҳр барои Кумитаи шаҳрии Ташкилоти Мададгори Мудофиа  маблағ чудо гардида, ба чавонони синни даъвати ройгон шаҳодатномаи ронандаги дода мешавад. Бинобар ҳамин ҳамаи писарони синни даъватиро сафарбар намоед, то ин ки хонда соҳиби касб шуда ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рафта ватани азизамонро ҳимоя намоянд.