Оғози корҳои сохтмонӣ
Ҷиҳати иҷрои қарори раиси шаҳри Левакант аз 25 июни соли 2018, № 187 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант» дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №12 сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ оғоз гардид.
Чи тавре, ки директори муассисаи таълимии №12 Шеров Давлат иттилоъ дод, мактаби мазкур аз маркази шаҳр дар масофаи 9 километр ҷойгир гашта, хонандагон пас аз хатми синфи 9-ум ба душвориҳо нигоҳ накарда барои идомаи таҳсил ба мактабҳои маркази шаҳр мераванд. Барои ҳалли ин мушкилӣ сохтмони мазкур бо дастгирии аҳолии деҳаи Истиқлол, омӯзгорон ва соҳибкорон оғоз гардида, сари вақт сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Баъд аз ба истифода донани синфхонаҳои иловагӣ муассисаи таҳсилоти умумии асосии мазкур ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода хоҳад шуд, то ин ки фарзандони сокинони деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” баъд аз хатми таҳсилоти умумии асосӣ маълумоти миёнаи умумиро дар худи ҳамин муассиса гиранд.