Қадамҳои нахустини кӯдакон
Ниматуллоева Бахтинисо директори Литсейи давлатии №2 иттилоъ дод, ки аз 1 августи соли 2019 дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Литсейи давлатии №2 қабули хондагон ба синфи 1 оғоз гардид. Тибқи банди 38 - и низомнома ба синфи якум кӯдакони 7 – сола ё онҳое, ки то охири моҳи декабр ба синни 7 –солагӣ мерасанд, қабул карда мешаванд.
Имрӯз 50 нафар кӯдаконе, ки ба синии 7 солагӣ расида буданд, ба синфи 1 қабул карда шуданд.