Нишасти матбуотӣ
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 ва нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон рӯзи 2.08.2019 соати 13 00 нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.
Дар нишасти матбуотӣ муовини якум, муовин, и.в. роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намояндагони васоити ахбори омма-телевизионҳои «Тоҷикистон», «Хатлон», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», мустақими «Қӯрғонтеппа», радиоҳои «Хатлон», «Тоҷикистон», рӯзномаҳои «Фараж», «Пайк», «Дӯстлик», «Ваҳдат», «Азия - плюс», «Садои мардум», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.