Корҳои ободонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1

.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр корҳои таъмири ҷорӣ ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи муассисаҳо идома доранд.

Чи тавре, ки  директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1

 Зулфов У. иттилоъ дод,  бинои  синфҳои ибтидоии муассисаи таълимӣ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда ва бо шиору овезаҳо насб карда шуданд.

Майдончаи назди бинои синфҳои ибтидоии муассисаи таълимӣ, ки чандин сол боз таъмир наёфта буд ва  барои рафту омад, гашту гузор кардани  кӯдакон  душворӣ эҷод менамуд, бо дастгирии падару модарон ва омӯзгорони муассиса ҳамвор карда шуд.