Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории ВНМО

.

Дирӯз гуруҳи кории сайёри МВНМО –и вилояти Хатлон, ки ба он муттахасисони соҳаи тандурустӣ ва масъулини идораҳои дахлдори вилоятӣ шомил гардида буданд, дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи давлатии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Левакант дар деҳаҳои Меҳробод ва Гулистони Ҷамоати деҳоти  “Гулистон” баҳри пешгирии касалиҳои сироятӣ, ВНМО ва ҳифзи солимии ҷомеа дар байни занҳои ҳомила, наврасону ҷавонон вохӯриҳо ташкил карда, корҳои таблиғоти бурданд.  

 Чуноне  ки  табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам  Холов Саид иброз намуд, маќсад аз баргузории чунин  вохӯриҳо бурдани корҳои ташвиќотию таблиғотӣ оиди пешгирии бемориҳои ВНМО, муайян намудану пешгирии роҳҳои гузаштани ин беморӣ, пайдоиш, аломат ва гирифторони ВНМО/БПНМ мебошад. Инчунин иттилоъ доданд, ки бемории мазкур бештар дар байни занону ҷавондухтарон ба чашм мерасад. Таъкид карда шуд, ки бештар аъзои он оилаҳое, ки сарпарасташон дар муҳоҷирати меҳнатианд ба ин касалиҳо гирифтор мешаванд.   Бинобар ин таъкид карданд, ки занҳои  ҳомиладорро зарур аст зери назорати табиби момодоя бошанд.