Мушкилоти барқ ҳалли худро ёфт.

.

Таи солҳои тулонӣ мардуми деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти  «Ваҳдат» аз истифодаи қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Сабаби ҳамаи ин дар истифода будани трансформатори 250 киловата буд, ки талаботи 60 хоҷагии деҳаро қонеъ гардонида наметавонист. Бо дастгирии шабакаҳои барқи шаҳр ва ташаббуси аҳолии деҳа ба маблағи 7000 сомонӣ трансформатори нави 600 киловата харидорӣ  шуда, насб карда шуд.   Дар ин кор иқдоми неки раиси маҳала Каримов Тоҷиддин хело баланд мебошад. Ҳамзамон як қисми аҳолии деҳаи Тоҷикобод, ки ҳамсарҳад бо деҳаи Ҳаёти нав мебошанд,  низ аз трансформатори зикршуда истифода бурда истодаанд.