Таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант
Дар таърихи 5 августи соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи назди муовини раиси шаҳр Қурбонова Н.С. бо иштироки масъулини соҳа, мудири бахши маориф ва директорони муассисаҳои таълимию томактабии шаҳр доир гардид.
Дар кори ҷаласа ҳисоботи мудири бахши маориф Абдулов М. оид ба раванди шартномабандӣ бо коргоҳҳои дӯзандагии ватанӣ ҷиҳати таъмини либоси ягонаи мактабӣ барои соли таҳсили 2019-2020 ва иҷрои нақшаи тасдиқгардида доир ба духт ва харидории сару либос шунида шуд.
Чуноне ки мудири бахши маориф иброз намуданд, муассисаҳои таълимии шаҳр бо 4 коргоҳи дузандагӣ, «Мадина», «Идона», «Ҳалима» ва «Субҳи Сарбанд» барои тайёр намудани 5816 адад либоси мактабӣ шартномаҳо баста, то ба имрӯз 95881 сомонӣ пардохт карда шуд, ки 45%-и нақшаро дар бар мегирад.
Ҷиҳати рафти корҳои ба сомон расида муовини раиси шаҳр Қурбонова Н.С. баҳо дода, мудири бахши маориф ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳрро вазифадор карданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат рафти иҷрои нақшаро оид ба харидорӣ намудани сару либоси мактабӣ ба анҷом расонида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ахбороти муфасал ирсол намоянд.