Баргузории ҷаласа оиди «Аксияи тозагии маҳал»

.

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат», «Гулистон», эмомхатиби масчиди ҷомеъ, раисони кумитаҳои маҳалла ҷаласа

 

Кори ҷаласаро муовини раиси шаҳр Қурбонова Н. ва и.в.роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Муродалиев Ҷ. пеш бурданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Ба ҷамъшудагон оиди тозаву озода ва рангубор намудани гирду атрофи идораву корхонаҳо, биноҳои истиқоматӣ, кӯчаву гулгаштҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.