Дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи ҳар нафари мост!
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, Нуринисо Ибодуллоева дар якҷоягӣ бо раиси Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Хайринисо Сармисокова бо сокинони деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрда, доир ба мавзуҳои муҳими рӯз, аз ҷумла даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.
Қайд гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи фарзандии ҳар ҷавонмарди шуҷои ватан ба шумор меравад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои дастгирии ҷавононе, ки азми ба ҷо овардани ин вазифаи муқаддасро доранд, курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо метавонанд соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гарданд.
-Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем, - хулоса гардид дар чорабинӣ