«Тозагӣ – гарави саломатист»

.

Дар таърихи 10 августи соли равон бо ташаббуси раиси кумитаи маҳаллаи  деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва дастгирии аҳолӣ  ҳашар  зери шиори «Тозагӣ- гарави саломатист»  гузаронида шуд.

 Дар ин маъракаи муҳим аз пиру ҷавон то хурду калони деҳа иштирок карда, гирду атрофи деҳа ва  кӯчаву роҳравҳоро  аз партов ва алафҳои худрӯй тоза намуда, деворҳои ҳавлию хонаҳои истиқоматӣ ба қадри имкон рангубор карда шуданд.

Ҳашари мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид;- иброз намуд раиси ҷамоати деҳоти   «Ваҳдат»  Сармисоқова Х.