Мавзӯъ: семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Оилаи солим-ҷомеаи солим»

.

«Оилаи солим асоси ҷомеаи солим мебошад. Насли наврас, ки ояндасозони ҷомеа мебошанд, танҳо дар оилаи солим тарбияи хуб мегиранд», - бо чунин суханон мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Одинаев Ҷ. ба кори семинар ҳусни оғоз бахшид.

 

 Семинарии мазкур рӯзи 8 август бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо кормандони маркази машваратии фарди кор бо занон дар толори Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳр байни ҷавонони фаъоли шаҳр  доир ба пешгирии зуроварӣ дар оила  дар байни оилаҳои ҷавон баргузор карда шуд.

Мақсади баргузории семинари мазкур  бартараф намудани зуроварӣ дар байни оилаҳои ҷавон ва инчунин кам кардани бекоршавии ақди никоҳ дар байни ҷавонони шаҳр мебошад.

Кормандони марказҳои машваратии шаҳр дар ҳамкорӣ бо аъзои Шӯрои пешгирии зуроварӣ дар оила дар ҷамъбасти 7 моҳа тавонистанд зиёда аз 20 оиларо аз пошхӯрӣ эмин нигоҳ доранд.