Рафти сохтмони синфхонаи иловагӣ

.

Дар назди мауассисаи таҳсилоти умумии асосии №12  сохтмони 4 синфхонаи  иловагӣ оғоз ёфт.

Чи тавре ки директори муассиаи таълимии №12  Шеров Д. иттилоъ дод,  то рӯзи 8 августи соли ҷорӣ  таҳкурсии  чор синфхонаи иловагӣ пурра  рехта шуд.  Аз аввали кори сохтмон то ҳол саҳми омӯзгорон ва кормандони техникии муассисаи таълимӣ хело назаррас аст.  

Қайд кардан бамаврид аст, ки  барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз тарафи  шахсони саховатпеша аз ҷумла Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода С. 750 кг семент, як мошин шағал аз тарафи соҳибкор Исроил Шафиев 900  кг семент,   аз тарафи шаҳрванди деҳа Буронов Бахтиёр як мошин қум ба маблағи 1200 сомонӣ, Қунаров Оламурод як мошин санг ба маблағи 600 сомонӣ ва Сайдуллоев Эмомадӣ як мошин санг ба маблағи 600 сомонӣ кумак расониданд.  

Барои бардоштани девори синфхонаҳо аз  тарафи вакили шаҳрӣ  директори  ЧДММ  “Мурғи Порсиён”  Таваралиев Суҳроб  1000 дона хишти сементӣ таъмин карда шуд.

Сокинони деҳа тасмим гирифтаанд, ки то моҳи октябр сохтмони мазкурро пурра ба анҷом расонанд.