Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Боев Раҷабмурод хабар дод, ки аз тарафи омӯзгорон қисмати дохилии муассисаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, гӯшаю овезаҳо насб карда шуданд.
Рангубори қисмати берунии муассисаи таълимӣ дар арафаи анҷомёбист.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр таъмири қисмати беруни биноҳои таълимӣ бомаром идома дорад. Бино ба гуфти мудири бахши маориф то 17-18- уми август таъмир пурра ба анҷом мерасад.