Ғолибони Зебосанам -2019 даври дуюм аз шаҳри Левакант
Тибқи мактуби кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2019, №1-(1)-528,оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Зебосанам-2019» дар таърихи рӯзи 13.08.2019 аз ҳисоби ҷавондухтарони фаъоли шаҳр зиёда аз 38 нафар дар даври вилоятии озмуни «Зебосанам-2019» иштирок намуда, дар натиҷаи ҷамъбаст 6 нафар ҷавондухтарони Левакант барои иштирок ба даври Ҷумҳурияви бо сарбаландӣ роҳхат гирифтанд. Ҳадаф аз иштирок дар ин озмун дарёфти чеҳраҳои нави зебо, дар ҷавондухтарон бедор намудани зебоипарастӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии бегонапастӣ дар самти либоспӯшии чавондухтарон ва занон мебошад, гуфт мутухассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Ф.Набиева.