Таҷлили Рӯзи табибон дар шаҳр
Рӯзи 16-уми август иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Давлатзода З.Д. тамоми кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро бо иди касбиашон табрик намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки:
-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ, ҳалли масъалаҳои соҳаи мазкур ва умуман рушди соҳа таваҷҷуҳ ва афзалияти махсус медиҳад. Зеро ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Қобили қайд аст, ки ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ зиёд гардида истодааст.
Имрӯз дар муассисаҳои табобатии шаҳр 354 нафар мутахассисон кор мекунанд, ки аз онҳо 55 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд. Дар пешрафти кори соҳа саҳми духтурони ботаҷриба Саидов Қосим, Эшонова Марҳабо, Ҷураева Сабоҳат, Бойчаев Абдулло, Зардова Дилафрӯз, Гурезов Файзулло, Рустамов Музаффар ва дигарон хеле калон мебошад. Новобаста ба душвориҳо табибон ҳамеша дар хизмати халқ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошанд.
Раиси шаҳр аз ҳамаи кормандони соҳа даъват ба амал оварданд, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амал намуда, тамоми донишу малакаи худро баҳри солимии ҷомеа равона созанд.
Дар охир Ҷоизаи раиси шаҳр «Вориси Сино», ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони соҳа ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи тандурустӣ таъсис дода шуда буд, ҷамъбаст гардида, ба се нафар беҳтаринҳо- Зардова Дилафрӯз, мудири шуъбаи амрози даруна, Бобоев Далер-мудири шуъбаи таваллуд ва Бернаев Бахтиёр, духтури лор (гӯшу, гулу, бини) ба маблағи 500 сомонигӣ тақдим карда шуд.