Саҳми ҲХДТ дар ободонии деҳот

.

Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вобаста ба татбиқи Аксияи амалӣ тарғиботии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки Фароғат Назарова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита, Муҳаммад Исмоилзода, корманди масъули Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», Бозор Қурбонов, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи «Навобод» ва сокинони деҳаи Навобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорон вазифаи муқаддаси ҳар ҷавонмарди бонангу ори кишвар дониста шуда, ихтиёран ҳозир шудан барои адои ин вазифаи муқаддас намунаи ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон номида шуд.

Аҳли ҷамъомад инчунин андешаҳои худро оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021, роҳандозӣ гардидани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ҳадафи ташкил шудани онро баён намуда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар амалӣ шудани ин ҳадафҳои созанда даъват намуданд.