Роҳсозӣ савоби ҷория аст!

.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Гулистон»-и ҷамоати деҳоти Гулистон  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

Масъулин зимни баромад оид ба дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлатӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии деҳот суханрони намуданд, ки иштирокдорон  ба худ  таассуроти нек бардошта, барои ташкилу баргузории чунин вохӯрии пурмуҳтаво ба масъулини ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Ҳамзамон, дар қисмати амалии чорабинӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»,  сокинони  деҳаи мазкур дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр бо як рӯҳбаландӣ ва миннатдорӣ аз дастгириҳо ва ғамхориҳои Роҳбари давлат бо шукргузори аз фазои сулҳу субот  дар таъмири роҳи деҳа, ки солҳои зиёд фарсудаю таъмирталаб шуда буд, саҳм гузошта роҳи деҳаи мазкурро мумфарш намуданд.