Ҷилваи рангҳо –чеҳраи Ватан

.

Дар асоси мактуби муовини раиси вилояти Хатлон аз 15.08.2019, №3/354 ва бо мақсади  иҷрои Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №1140 «Ҷадвали  баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои  мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 201-2021» рӯзи 21 августи соли 2019 дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» аз рӯйи 7 номинатсия баргузор гардид, ки дар он  кӯдакону наврасон, ҷавондухтарон ва занони шаҳр зиёда аз 48 нафар иштирок намуда, дар натиҷаи ҷамъбасти фестивал шаҳри Левакант сазовори дипломи дараҷаи якум гардиданд.

 

Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур  баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон ва мардон инчунин риояи  тарзи пӯшидани онҳо дар мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъҳои ватанӣ, тараннуми ҳунари волои халқи тоҷик дар духти либосҳои миллӣ,  ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси  зебопарастӣ, боло  бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа равона гардидааст, гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Н.Халилова