Мушколоти норасоии ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълими ҳал мешавад!
Мутобиқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар, маъмурияти Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва кормандони Кумита дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Истиқлол» - и Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрии судманд доир гардид.
Масъулин зимни баромад оид ба дастовардҳои 28-соли даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба кор даровардани чархаи дуюми НБО «Роғун», ҷалби ҷавондухтарон ба зинаи сеюми тахсил ва сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Сипас бо иштироки васеи сокинони деҳа дар синфхонаҳои иловагии муассисаи таълимии №12, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, аъзоёну фаъолони ҳизб, ташкилотҳои ибтидоӣ ва нафарони саховатпеша дастгирии пурра ёфта истодааст, ҳашар ташкил карда шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи «Истиқлол» Қазоқов Сафар бо миннатдорӣ аз дастгириҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Левакант изҳор дошт, ки кӯшиш менамоянд бо ташкил кардани чунин ҳашарҳо ва корҳои дастаҷамъона саҳми босазои худро дар сохтмони синфхонаҳо гузоранд.