Ном ва насабе, ки дар таърихи мо ҷойгоҳи хоса дорад

.

Халқи тоҷик дар масири таърих воқеаҳои басо фоҷиабор ва дар айни замон ибратомӯзро аз сар гузаронидааст. Ниёгони мо бо вуҷуди маротибаҳо аз сар гузаронидани тохтутози хонумонсӯзи аҷнабиён, лашкаркашиву хунрезиҳои беҳисоб ҳамеша дар дил орзуи соҳибватану соҳибистиқлол буданро мепарвариданд. Корнамоиҳои Спитамену Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва боз садҳо нафар фарзандони ин миллати озодидӯст дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин нақш шуда, аз намунаҳои олии ватандӯстиву ватанпарастӣ шинохта мешаванд. Маҳз ҳамин озодихоҳиву сулҳҷӯии мардуми тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол давлати тоҷикон аз нав эҳё гардид ва роҳи ояндаи ҷумла тоҷикони ҷаҳонро мунаввар сохт.

 

Мо имрӯз дар остонаи 28-умин солгарди ин санаи таърихӣ қарор дорем. 28 сол дар масири таърих муҳлати хеле кӯтоҳ аст, аммо халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар заминаи суннатҳои меросӣ ва арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳёи давлати тозаистиқлоли худро тақвият бахшанд.

Аммо он замон ҳанӯз қувваҳои худхоҳу манфиатҷӯе буданд, ки намехостанд Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ мақом дошта бошад. Ин бадхоҳии онҳо оқибат мардуми тоҷикро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашонд. Нахуст аз майдоне, ки мебоист макони истироҳату осоиши мардум бошад садои воҳимаангези издиҳоми бехабар сиёсӣ ба гӯш мерасид. Ҳама баробар бо як овоз истеъфои ҳукумати конститутсиониро талаб мекарданд, аммо ин «талабгарон» худ намедонистанд, ки ҳосили онҳо аз ин истеъфо чӣ хоҳад буд. Намеандешиданд, ки ба сари ин миллати азиятдида чӣ хоҳад омад. Ин издиҳоми чашмбаста бехабар аз нақшаҳои тарҳрезишудаи душманон ҳадафҳои нопоки онҳоро амалӣ менамуданд.

Бо вуҷуди дасисабозиҳои ин тиҳимағзон буданд нафароне, ки фикри ояндаи миллат виҷдони онҳоро ором намегузошт. Ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ онҳоро дар муқобили ин ҷангҷӯии бемақсад қарор дод. Вақте ки ба хонаи тоҷику тоҷикистонӣ оташ афтод хушку тар месӯхт. Замоне, ки мардуми тоҷик аз тарси ҷон дар мулкҳои бегона паноҳ меҷӯст, он даме, ки нолаи ҷонсӯзи модарони фарзандгумкарда ба фалак мепечид, чашмони хунбастаи силоҳбадастон касерову чизеро намедиданд. Нолаҳои имдодталабонаи онҳо ба гӯши мардум намерасид. Бо эътиқод ба суханҳои бофтаю сохтаи касе аз ҳамдигар ниқор мегирифтанд. Хатари аз байн рафтани давлат таҳдид мекард.

Маҳз дар лаҳзаҳои барои давлату миллат ниҳоят ҳассос дар Иҷлосияи Х1-уми Шӯрои Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Ва баъдан ҳар сухане, ки ӯ мегуфт ва ҳар қадаме, ки мегузошт, танҳо ба хотири сарҷамъии миллат ва пойдории давлати тозаистиқлоли тоҷикон анҷом мепазируфт. Дилпурона сухан мегуфт, дилпурона қадам мезад. Ҷидду ҷаҳду талошҳояш мардуми тарафи сангарро дар гирди ӯ муттаҳид сохт. Оҳиста – оҳиста дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор гардид.

Аз он рӯзҳои шум ҳанӯз муддати зиёде паси сар нашудааст, ки фаромӯшаш созем. Имрӯз мо хушбахттарин миллат ҳастем, ки бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ аз гирдоби ин ҷанги харобиовар баромадем.

Боиси хушнудист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши давлатҳои Шарқу Ғарб қарор гирифтааст. Баъди таҳлилу муҳокимарониҳои коршиносону сиёсатмадорон сулҳу ваҳдати тоҷиконро ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд медонанд. Онҳо мегӯянд, ки истиқлолиятро Афғонистон ҳам дораду Сурия ҳам, вале пешвову сарҳанге надоранд, ки давлатро наҷот бахшаду миллатро ба сулҳу осоиш расонад. Оре, ин ҳақиқатест инкорнопазир.

Ин ном ва ин насаби шариф дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хоса дорад.

 

Ватанзода Сайҷафар, раиси

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант