Вохӯрии судманд
Имрӯз 22.08.2019 бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар якҷоягӣ бо кормадони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ш. Левакант, ташкилоти наҷоти кӯдакон дар маркази деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо иштироки зиёда аз 80 нафар сокинони ин деҳа вохӯрӣ доир намуд. Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон мебошад, гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Н.Халилова