Тантанаҳои «Шоми Истиқлол»

.

Тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Левакант Нақшаи баргузории вохуриҳои кормандони соҳаи иҷтимоии шаҳр таҳти унвони «Шоми Истиқлол» бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Таҷикистон дар ҷамоатҳои деҳот баргузор гардида истодааст.

 Чунин як вохӯрии судманд бо иштироки раиси шаҳри Левакант  З.Давлатзода, рӯзи 22.08.2019 дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» баргузор карда шуд. Раиси шаҳр З. Давлатзода оид ба  моҳияти истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои волои озодӣ, ташаккули сохти коститутсионӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодии миллӣ ва татбиқи чор ҳадафи стратагии кишвар, бо сокинон суҳбату вохурӣ доир намуданд.

Чунин чорабинӣ дар деҳаҳои  Хуррамдеҳ ва Тоҷирон низ баргузор гардид.

Баҳри болидахотирии сокинон бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертии омода намудаи хешро пешкаши аҳолӣ гардониданд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 237 нафар сокинони деҳа иштирок намуданд.

Ба сокинони деҳаҳои зикргардида мутахассисони соҳаи тиб хизматрасони тиббии ройгон расониданд. Дар охир ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои итилоотӣ тақсим карда шуд.