ҒОЛИБИЯТИ АБДУҲОШИМ

.

Рӯзи 13 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи “Самбо” доир гардид.  Чи тавре ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 Зубайдов Фаррух иброз намуд, хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии мазкур Убайдуллоев Абдуҳошим Нуруллоевич дар  ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вазни 75 кг  ширкат варзида, ба ҳамаи ҳарифони худ дастболо гардид ва созовори ҷойи аввал, соҳиби медали тилло  гардид.

 Кумитаи байналмилалии варзиши Самбои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки  Убайдуллоев Абдуҳошим Нуруллоевич барои иштирок дар “Чемпионати Осиё”, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ва шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии  ӯзбекистон  баргузор мегардад, иштирок  намояд.