Машварати раисони ташкилоти ибтидоии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант

.

Абдуллоев Сафар – Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр иттилоъ дод, ки рӯзи 21 августи соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  машварат бо  раисони ташкилоти ибтидоии кумитаи иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид. Дар машварат масъалаҳо оид ба баҳси музди меҳнат, варақаҳои корношоямӣ,  назорати давомоти кормандон, таъмин намудани кормандон ба осоишгоҳҳо баррасӣ гардидаанд.

Дар машварат сармуҳосиби бахши маориф Буриев Д. иштирок намуда оид ба масъалаҳои зикргардида маълумоти муфассал дод.