Роҳсозӣ савоби ҷория аст

.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Сарбанд»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ гузаронид.

Масъулин зимни баромад оид ба дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлатӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ, дуруст ба роҳ мондани амалҳои хайру сахо ва ташкилу баргузории ҳашарҳо ва корҳои дастаҷамъона ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии деҳот суханронӣ намуданд, ки иштирокдорон  ба худ  таассуроти нек бардошта, барои ташкилу баргузории чунин як вохӯрии пурмуҳтаво ба масъулини ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо саҳми аҳолӣ барои татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»,  сокинони  деҳаи мазкур роҳҳои деҳаро тахту ҳамвор ва равшаннамоии кӯчаҳои онро таъмин намуданд.