ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

.

Имрӯзҳо дар муассисаи таълимии №12 баҳри зудтар сохта ба истифода додани 2 синфхонаи иловагӣ, 1 китобхона ва ҳуҷра барои омӯзгорон  корҳои сохтмони ба тариқи ҳашар  дар сатҳи баланд рафта истодааст.  Дар рафти корҳои сохтмонӣ омӯзгорон ва аҳолии деҳа саҳми худро гузошта истодаанд.

 Мактаби мазкур, ки таълим дар он бо қарори раиси шаҳр аз 13.08.2019  ба муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 табдил дода шуд.

Акнун хонандагон барои таҳсили миёнаи умуми гирифтан ба маркази шаҳр овора намешаванд,-иброз намуд директори муассисаи таълими Шеров Давлат.

Инчунин тибқи қарори раиси шаҳр фармоиши мудири бахши маориф дар бораи аз муассиаи таҳсилоти умумии асосӣ №12  ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 табдил додан ба тасвиб расид.