Ҳуқуқҳои кӯдакон ҳифз карда мешаванд

.

Рӯзи 28.08.2019 дар китобхонаи марказии шаҳри Левакант баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон. Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо масъулини шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, САҲШ, раисони маҳалаҳо дар ҳамбастагии барномаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта” семинар машварат дар мавзӯи “Тарбия ва нигоҳубини фарзандон аз ҷониби падару модар ва пешгирии безарурият ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои нигоҳубини кӯдакон (Интернатҳо)” доир карда шуд.

 

Ҳадаф аз семинари мазкур ин тарбия намудани кӯдакон дар муҳити оилаи солим мебошад. Зеро кӯдакон танҳо дар муҳити оила ҳаматарафа бо меҳру муҳаббат ба воя расида, дар оянда баҳри пешрафти давлату миллати хеш саҳми худро мегузоранд.