Таъмини хонандагон бо сару либоси ягонаи мактабӣ

.

Мутасаддӣ оид ба сару либосҳои ягонаи мактабӣ директори муассиаи таҳсилоти иловагии назди бахши маориф Гулакова Марзия иттилоъ  дод, ки имрӯзҳо аз тарафи падару модарон ҷиҳати таъмини  фарзандонашон бо сару либоси ягонаи мактабӣ аз коргоҳҳои дузандагии  дохили шаҳр харидорӣ шуда  истодааст. Директорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини дӯхти сару либосҳои мактабӣ чораҳои заруриро амалӣ карданд.

 Ба ҳолати 27.08.2019 аз ҷониби муассисаҳои таълимии №№1, 10, 14,2, 12 литсейи №1 ва 2 аз 100% то 164% шартнома иҷро гардидааст.

Муассисаҳои таълимии шаҳр ҷиҳати духти либоси мактабӣ бо коргоҳҳои дӯзандагии “Субҳи Сарбанд”, “Мадина”, “Идона” ва “Ҳалима” тибқи нақша 5816 адад шартнома бастаанд.  Ба санаи 23.08.2019 аз тарафи коргоҳҳои дӯзандагӣ ба миқдори 4433 адад либоси мактабӣ духта шудааст, ки 78  фоизи нақшаро ташкил медиҳад.