Истиқлолият ганҷинаи бебаҳост

.

Рӯзи 27.08.2019 бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти  “Гулистон” “Шоми Истиқлол” баргузор карда шуд.

 

Гуруҳи корӣ бо сарварии муовини раиси шаҳри Левакант Н.Қурбонова дар деҳаи мазкур, вобаста ба дастоварҳои даврони истиқлол ва самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвари азизамон Тоҷикистон бо аҳолӣ суҳбату вохурии судманд доир намуданд.

Ҷиҳати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи масъулин ба ҷамъомадагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 179 нафар сокинон ҷамъ омада буданд.