«Шоми Истиқлол» дар Зағиртут
Рузи 28-уми августи соли 2019 шодию хурсандии аҳолии деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-ро ҳадду канор набуд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр аз соати 1600 то соати 1800 бо суруду таронаҳои дилангези худ хотири сокинони деҳаро болида гардониданд. Сипас, бо аҳоли деҳа як вохӯрии самимӣ доир карда шуд.
Вохӯрӣ бо иштироки муовини раиси шаҳр Н.Қурбонова, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода С., раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Султонов Ф., муовини комиссари ҳарби шаҳр Сафарзода Ю ва дигар аъзои гуруҳи корӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар 28 соли соҳибистиқлолӣ, саноаткунони босуръати кишвар, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб иштирокчиён баромад намуданд