Мақсад ва мароми мо баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон аст!
Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вобаста ба татбиқи Аксияи амалӣ тарғиботии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои Ҷамоати деҳоти «Гулистон» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Суҳроб Валиев зимни суханронӣ қайд намуд, ки таърих гувоҳи ҳар ҳодисаву рӯйдодҳои гуногун дар кураи олам намегузорад, ки касе онҳоро инкор кунад. Боиси фахри тамоми мардуми бошараф, бохирад, бофарҳангу ботамаддуни тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Поягузори ин ҳама оромиву осоиш, амният ва мулки ободу зебо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорон вазифаи муқаддаси ҳар ҷавонмарди бонангу ори кишвар дониста шуда, ихтиёран ҳозир шудан барои адои ин вазифаи муқаддас намунаи ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон аст. Инчунин мо бояд дар соли хониши нав бештар ҷавондухтаронро ба таълим даъват намоем, ки дар оянда соҳибмаълумот гардида, дар роҳи зиндагӣ ба мушкилӣ дучор наоянд.
Аҳли ҷамъомад андешаҳои худро оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021, роҳандозӣ гардидани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар амалӣ шудани ин ҳадафҳои созанда даъват намуданд.