Санҷиши мукаммали мудофиаи гражданӣ

.

Дар асоси Амри раиси  вилояти Хатлон аз 23.08.2019, №27 ва Нақша- чорабиниҳои асосии шаҳр оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино пешгирӣ ва рафъи  оқибатҳои  ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2019, инчунин бо мақсади санҷида баромадани ҳолати омодагии мудофиаи гражданӣ  ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини иҷрои талаботҳои қонун ва  қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон доир ба соҳаи  ҳолатҳои  фавқулодда  рӯзҳои  27 то 29 августи соли 2019 аз  тарафи  афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва  мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон  санҷиши ҳолати омодаги мудофиаи гражданӣ ва расонидани ёрии амалию методӣ  дар хадамотҳо, ташкилоту муассисаҳо,  иншоотҳои   иқтисодии  шаҳр гузаронида шуд.