Вохӯрии намояндагони МТТҲС бо хонандагон
24-уми август, кормандони Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим, ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, дар муассисаи давлатии томактабии №1 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, бо хонандагону омӯзгорон корҳои фаҳмодадиҳӣ гузарониданд.
Муовини директории МТТҲС Холов С. зимнан ба хонандагон тарзи дурусти истифодаи маводҳои безараргардонӣ, маҳлули антисептикӣ, ниқоб, дастпӯшак ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро аз нигоҳи тавсияи мутахасисони соҳаи тандурустӣ нишон дод. Ҳамзамон зикр шуд, ки нисбати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус бояд ҳамагон ниҳоят эҳтиёт намоянду ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Бояд гуфт, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ дар шаҳри Левакант, аз ҷониби кормандони соҳаи тандурӯстӣ ва масъулини зиддахл баҳри пешгирии бемории ҳамагири коронавирус пайваста гузарнода мешавад.
Дар доираи ҳамин тадбир 25-уми август, намояндагони Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, бо хонандагон баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд, ки ба гуфти масъулини марказ, ин иқдом дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо ва миёни аҳолии шаҳр гузаронида мешавад.