ДАРСИ СУЛҲ

.

Рӯзи  1 сентябри соли 2019  бо иштироки раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони бахши маориф, омӯзгорону директорони муассисаҳои таълимӣ  ва  беш аз 600 нафар хонандагони синфҳои 9-11 расо соати 07:30 дақиқа дар толори қасри фарҳанги шаҳр тавассути моҳвораи телевизионии “Тоҷикистон” бо пахши мустақим дарси сулҳро бо иштироки Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд. Баъд аз анҷоми дарси сулҳ раиси шаҳр Давлатзода З.Д. ба сухан баромада ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсили 2019-2020 табрику таҳният гуфта ба онҳо хониши аъло ва бурдбориҳоро таманно намуд.

 

Инчунин дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо тариқи оинаи нилгун омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 7 – 11барномаи мазкурро мустақиман тамошо намуда, баъд аз анҷоми он тибқи ҷадвали дарсҳои таҳия ва тасдиқшуда дарсҳо идома ёфтанд.  Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр намояндагони ШВКД дар шаҳри Левакант иштирок намуда, бо хонандагон дар бораи қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон, телефонҳои мобилӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбат намуда, хонандагонро ба соли нави таҳсил муборак бод намуда, хониши хубу аъло таманно намуданд.