Вохӯрӣ бо аҳолӣ
Дар санаи 03.09.2019 гуруҳи кории сайёри МВНМО –и вилояти Хатлон, ки ба он мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва масъулини идораҳои дахлдори вилоятӣ шомил гардида буданд, дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи давлатии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Левакант баҳри пешгирии касалиҳои сироятӣ, ВНМО ва ҳифзи солимии ҷомеа дар байни занҳои ҳомила, наврасону ҷавонон вохӯриҳо ташкил карда, корҳои таблиғотӣ бурданд.
Чуноне ки табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов Саид иброз намуд, мақсад аз баргузории чунин вохӯрӣ бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ оиди пешгирии бемориҳои ВНМО, муайян намудану пешгирии роҳҳои гузаштани ин беморӣ, пайдоиш, аломат ва гирифторони ВНМО/БПНМ мебошад.