Иншооти бузурги Истиқлолияти Тоҷикистон!
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фарогат Назарова, Суҳроб Валиев ва Нуринисо Ибодуллоева дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Баҳодурони Ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ доир намуда оид ба мавзуъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла истифодаи чархаи дувуми НБО «Роғун» даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат намуданд.
Қайд гардид, ки боиси хурсандиаст, ки ба пешвози 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи дувуми НБО «Роғӯн» ба истифода дода мешавад, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид
16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Нахуст дар маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.
Инчунин қайд гардид, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем, - хулоса гардид дар чорабинӣ.