ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

.

Бо ташаббуси бахши маориф  дар Листейи давлатии №1 рӯзи 5 сентябри соли 2019 конференсияи илмӣ – адабӣ  бахшида 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият  неъмати бебаҳост»  доир гардид.

 Дар конференсия Муовини раиси шаҳри Левакант  Наргис Қурбонова, мудири бахши маорифи шаҳр Сафарализода М, кормандони бахши маорифи шаҳр, директорни муассиаҳои таълимӣ ва омӯзгорон иштирок доштанд. 

Дар толори маҷлисгоҳ  китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  китобҳои адибони шаҳри Левакант  ба намоиш гузошта шуда буданд.

Толори маҷлисгоҳ бо гулу гулдастаҳо, шиору овезаҳо оро дода шуда буд.

Конференсияро  бо суханони ифтитоҳи мушовири кабинети методии бахши маориф Валиев Бердӣ кушод ва хонандагони литсейи №1 дар васфи истиқлдолият шеърҳо қироат намуданд.

Дар конференсия аз  ҷониби  кормандони бахши маориф ва омӯзгорон    маърӯзаҳои зерин хонада шуданд:  

1.«Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти маорифи кишвар»  маърӯзаи омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ-и №14 Раҳимов  Р.

1.«Истиқлолият – дастоварди бузурги   миллат» маърӯзаи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ-и №2 Замира Ҳакимова

3.«Рушди Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи литсейи №1 Камолов Фирӯз.

4.«Дастовардҳои соҳаи маориф дар даврони Истиқлолият» Мушовири кабинети методии бахши маориф Афғонова  Мастона  

Дар охир муовини раиси шаҳр Наргис Қурбонова, мудири бахши маориф Сафарализода М. ва мушоври кабинети методии бахши маориф Валиев Б. баромад намуда, дар мавзӯи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият маълумот доданд.

 

Қайд гардид, ки 28 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст.   Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.  Миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона  хидмат  кардааст.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои   пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол  қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Чунин конференсия, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҳамаи муассисаҳои томактабию таълимӣ доир гардид.