Истиқлолият дар муассисаи томактабии «Гулча»

.

Ҷашни Истиқлолият дар ҳамаи муассисаҳои таълимию томактабӣ ботантана истиқбол гардидаистодааст.

Субҳи 5-уми сентябр шодии кӯдакони муассисаи томактабии «Гулча»-ро ҳадду канор набуд. Кӯдакон бо шавқу завқ дар бораи Ватан, Истиқлолият, модар шеъру суруд хонда, рақсҳои ҷолиб намуданд.

 

Мудири муассисаи томактабии «Гулча» Нарзуллоева Муаззама иброз дошт, ки мо бояд аз синни хурдсолӣ дар замири кӯдакон меҳру муҳаббатро ба Ватан тарбия намоем. Кӯдакон аз хурдсолӣ бояд ба қадри арзишҳои миллӣ, ба қадри сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолият расанд.