Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои беназири он

.

Мо мардуми тоҷик бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 28 сол боз дар  фазои сулҳу оромӣ, озодию  ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими Ваҳдати Миллӣ рӯзи нуҳуми сентябрро ҳамчун ҷашни миллӣ, ба таври хоса истиқбол  мегирем. Истиқлолият на фақат ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, балки тантанаи Ваҳдати  Миллӣ, нишонаи садоқату шукрона ба ватан ва ҷашни меҳнати созанда ба хотири ободию пешрафти диёри азизамон  Тоҷикистон  аст.

 Ҳар  шахсе,  ки  худро  соҳибватан  медонад,  мафҳумҳои  озодӣ, истиқлолият ва конститутсияро муқаддас бояд шуморад.

Истиқлолияти давлатие, ки миллати мо ба даст овард,  бузургтарин дастовард, неъмати бебаҳо ва ормонҳои  чандинасраи фарзандони асили он мебошад. Маҳз бо  андешаҳои ҷонфидоёнаи Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳу субот барқарор  гардид.

 

Аз  ин  нуқтаи  назар  Истиқлолияти  давлатӣ  барои  халқи  тоҷик  аз  тамоми  арзишҳои  дигар  азизу  муқаддас  аст.

Дар 28 соли истиқлолияти давлатӣ ин солҳои бунёдкорию  созандагӣ, таҳкими давлатдорӣ, густариши равандҳои демократии ҷомеа ва афзоиш ёфтани обрӯю  эътибори давлати тоҷикон буда, дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи  байналмилалӣ  шинохта  шуд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  24 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба амал оварданд, ки мо бояд бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу давлати худ дар роҳи эъмори як давлати соҳибистиқлол ҷавобгӯ ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, инчунин хизмати содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаҳои худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат  намоем.

Мардуми меҳнатдӯст ва соҳибфарҳанги Тоҷикистон   шукрона  аз  он  доранд,  ки  дар  кишвари  азизи  мо  марҳилаи  сифатан нав марҳилаи созандагию бунёдкорӣ, эҳёи иқтисоди  миллӣ, таҳкими истиқлолияту амнияти озуқаворӣ, эенргетикӣ  ва сиёсию фарҳангӣ инкишоф ёфта истодааст. Қадами  нахустини бузурги таърихӣ, ки дар иҷлосияи шонздаҳумин  Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, оғози наҷоти ватани  соҳибистиқлоламон ба шумор меравад.

Рӯзи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - 27 июни соли 1997 бошад, ба таърихи миллати мо  ҳамчун санаи  пирӯзии ақли  солим ва хиради сулҳхоии халқи  тоҷик  дохил  гардид.

Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешрафтаи давлати  моро зиёда аз 190 кишвари дунё эътироф менамояд.  Тоҷикистон  имрӯз  бо  зиёда  аз  65 мамлакати дунё аҳдномаи дӯстӣ,  ҳамкории  иқтисодӣ  ва  илмию  фарҳангӣ  дорад.

Маҳз дӯстӣ, ваҳдат, ҳамфикрии  мардуми Тоҷикистон буд, ки сохтмони силсилаи иншоотҳои азиму аҳамияти  муҳими  ҷумҳуриявидошта аз  қабили  роҳи  оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, Шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа – Кӯлоб - Қаълаи Хумб – Хоруғ – Қулма - Қарақорум-нақбҳои Анзобу Шар-шар, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сантӯда-1», «Сантӯда-2», хати барқи  баладшиддати аз марказ то вилояти Суғд ва даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ ва фарҳангӣ ба анҷом расонида шуда, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», нақби Шаҳристон анҷоми сохтмонҳои даҳҳо нерӯгоҳҳои муштарак бо ҳамкории  давлатҳои хориҷӣ кашф гардиданд ва ба пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусоидат  намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки  соҳаи маориф сол ба сол рӯ ба тараққӣ овард, агар дар соли 1992 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 70600 нафар донишҷӯ (21900 нафар духтар)  фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2016 ин теъдод ба 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ расид, ки бо 170 ҳазор нафар донишҷӯ (аз ҷумла, 53217 нафар духтар) фаъолият менамоянд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳар соҳаҳои хоҷагии халқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сол ба сол соҳаҳо рушду такомул ёфта истодаанд. Агар дар соли 2000  аз буҷети давлатӣ барои пешрафти соҳаи фарҳанг 11 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2016 ҳаҷми он ба 825, 3 мил. Сомонӣ расида, музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг 16 маротиба афзоиш ёфтааст.

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси СММ ҷашни аҷдодии мо-Наврӯз мақоми байналмиллалиро соҳиб гашт.

Бо қарори ҷаласаи 34-уми кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО 31 июли соли 2010 аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон «Саразм» ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ  ворид карда шуд.

Эълон шудани Даҳсолаи байналмиллалии «Об ба хотири рушди устувор», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  пазируфта шуд. Боиси хушнудист, ки ин иқдоми неки Тоҷикистон, ки дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея муаррифӣ гардид, мавриди дастгирӣ қарор дорад.

Мувофиқи қатъномаи мазкур солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид, ки он 22 марти соли 2018 шурӯъ гардида, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Дастовардҳои даврони истиқлолият бешумор аст, номбар намудани онҳо ғайриимкон аст, муҳимтарини онҳо инҳоянд:

1.Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди  беназири истиқлолият мебошад.

2.Рӯзи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ - 27 июни соли 1997 бошад, ба таърихи миллати мо  ҳамчун санаи пирӯзии ақли солим ва хиради сулҳхоҳии халқи тоҷик дохил  гардид, ки мо имсол 22-солагии онро бо шукӯҳу шаҳомати нав таҷлил намудем. Ризоияти сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ муқаддас буда, ҳифз намудан ва густариш  бахшидан ба онҳо вазифаи якуминдараҷаи ҳар як фарди ватандӯст ва  бонангу  номус  мебошад.

3.Дастовардҳои калони сиёсати дохилии кишвар ин  қабули Конститутсия, Нишону Парчами давлатӣ, Суруди  миллӣ, таъсиси Ҳукумати босалоҳият, таҳияи санадҳои  меъёрию ҳуқуқӣ мутобиқи талаботҳои ҷомеаи демократӣ,  таъмини  сулҳ  ва  ризоияти  ҷомеа,  таъсиси  Артиши  миллӣ,  фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ ва густариши  гуногунандешӣ ва ғайра мебошанд, ки онҳо ба раванди  истиқлолияти  сиёсии  давлатамон  мусоидат  карданд. 

4.Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки  ба ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун  забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар  мебошад.

5.Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Се ҳадафи стратегии давлат-баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ба даст овардани истиқлолияти энергетики кишвар  таъмин мегардад. Инчунин ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳтарин баҳри расидан аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ аграрӣ маҳсуб меёбад.

6.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги истиқлолият мебошад.

7.Қабул гардидани қонунҳо «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иқтисодиёти мардум баланд гардида, ба рушди маориф такони ҷиддӣ бахшид.

8.Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сиёсати дарҳои кушод»-ро пеш гирифта, сиёати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд.

9.Рушди маориф дастоварди бузурги исстиқлолият буда, барои бунёди мактабҳои типпи нав роҳ кушод, муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.

  1. Дин ва муносибати озоди шаҳрвандон ба он дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисто ба роҳ мода шуда, бисёре аз китобҳои динӣ .ба монанди «Қуръон», «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Имоми Аъзам» ва ғайраҳо чоп шуда, пешкаши ҳаводорон гардонида шуданд.

11.Рӯ овардани Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба ҷаонон дастоварди бузурги истиқлолият аст.

Бояд  қайд  намуд,  ки  дар  давраи  истиқлолияти  ҷумҳурӣ  илму  фарҳанг,  соҳаҳои  маорифу тандурустӣ  пеш  рафта  забони  тоҷикӣ  мақоми  давлатӣ  гирифт.

Хиради азалӣ ва худшиносоии  миллӣ ба мо эътимод  мебахшад, ки бо роҳи пешгирифтаи Сарвари давлатамон баҳри  барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,  дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ғайрати  дучанд  кор  ва  фаъолият намуда, пеш  равем.

Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории  миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти  худ гирифта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу  равиш  ва  симои  хоса пайвастааст. 

 

                                Валиев Бердӣ, шаҳри Левакант