Тантанаҳои Истиқлолият дар Левакант

.

Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант чорабиниҳои гуногун доир гардид. Тантанаҳои Истиқлолият рӯзи 6-уми сентябр бо ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҷашнӣ оғоз гардид. Тибқи хатсайр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси палатаи ҳисоби Тоҷикистон  Чиллазода Қарахон, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ Шариф, И.в. Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, инчунин намояндагони ВАО дар шаҳр 6 иншоот, нуқтаи оби нушокӣ барои зиёда аз 500 оила дар деҳаи Гулистон, ҳавзи обсофкунӣ дар деҳаи Баҳодурон, муҳаррики обкашӣ дар деҳаи Хуррамдеҳ, маркази хизматрасонии хӯрокҳои миллӣ дар гардиши роҳи Левакант-Данғараи ҷамоати деҳоти «Гулистон», сехи дӯзандагӣ ва нуқтаи таъмири мошинҳо дар деҳаи Истиқлол ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» мавриди истифода қарор дода шуданд.

 

Соати 10 00 дар толори қасри фарҳанги шаҳр маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҷлиси тантанавӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ва озодона хондани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар чорабинӣ фаъолон ва сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбоднамуда, фаъолон ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...»-ро бо сипоснома ва маблағҳо қадрдонӣ намуданд.

Дар охир аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертии идона пешкаш карда шуд.

Ҳамзамон худи ҳамин рӯз, соати 1730 дар назди бинои қасри фарҳанги шаҳр барномаи театрикунонидашудаи омоданамудаи кормандони бахши фарҳанги шаҳр таҳти унвони «Шоми Истиқлол» пешкаши меҳмонон ва сокинони шаҳр гардонида  шуд.