НБО «Роғун» иншооти барои мардуми тоҷик мукаддас аст !

.

Ба кор оғоз кардани чархаи дуюми НБО Роғун дар рӯзи таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Ин як қадами устуворест дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ояндаи иқтисоди кишварро дар асоси захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аз бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ  дониста,  барои ҳалли масоили мавҷудаи соҳа, пеш аз ҳама, ба бунёду барқарорсозии  НБО  «Роғун»  ҷаҳду талош намуданд. Миллати баору номус бо раҳнамоии Сарвари бузургу кордон  ба сохтмони иншооти азими аср  пардохт. 

Ин неругоҳ имконият медиҳад, ки мо ба истиқлолияти энергетики ноил гардем ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад.

Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии халқи меҳнатқарини тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат  буд,  ки  16 ноябри  соли ҷорӣ  агрегати якуми ин иншооти муҳим ба кор даромад ва   боби наве дар рушди давлатдорӣ боз гардид. 

Пушида нест, ки соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ дар давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба чӣ дастовардҳое ноил гардид. Имрӯз тақрибан ҳама дар бораи неругоҳи барқи обии Роғун сухан мегӯянд.

Қобили зикр аст, ки пас аз бадастовардани Истиқлолияти давлатӣ, дар натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат марҳилаи сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз гашт ва дар ин давра неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2»,  марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта шуданд

Неругоҳи Роғун иншоотест, ки он дар фасли зимистон норасоии ба барқ доштаи Тоҷикистонро мусовӣ месозад ва саломатии шаҳрвандони худро ҳифз намуда, сатҳи камбизоатии аҳолиро хеле паст мефарорад.

Сохтмони иншооти бузург воқеан қаҳрамонӣ буда, кишвари моро аз буҳрони энергетикӣ раҳо месозаду бо манбаи азими нур Тоҷикистони азиз ба зинаи баланди тараққиёт по мениҳад. Бо бунёд гардидани Неругоҳи барқи обии Роғун иқтисодиёти кишвар даҳчанд боло рафта, некуаҳволии мардум фароҳам меояд ва Тоҷикистони азиз ба ахтари ҳамешатобон мубаддал хоҳад гашт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле ба маврид зикр карданд, ки «бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» истиқлолияти пурраи энергетики кишварро таъмин менамояд». Бегуфтугӯ, ободиву зебоӣ ҳар як давлат ба истиқлолияти энергетикӣ сахт вобаста аст. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин, коммуникатсияи ҳозиразамон, тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморем».

Воқеан ҳам, бунёди ин иншооти азими стратегии мамлакат барои ҳар фарди соҳибватани бонангу номус шараф асту ифтихор, ки амри дилу виҷдон дар ин кори хайр ҳисса мегузоранду дар саҳфаи таърих боби наве мекушоянд, ки оғози он калиди фатҳ асту навиди бахти миллати покнажоди тоҷик.

Ба истифода додани агрегати дуюми НБО  "Роғун" 09 сентябри соли 2019, ки маҳз ба шарофати саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ки аз дастовардҳои бузургтарини миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони миллат ва меҳан қавитар намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани  рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди сайёҳӣ мебошад.