Вохӯрии табибон бо хонандагон

.

Рӯзи 13.09.2019 гуруҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов С. Ҷ. директори  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳр  Акрамова С.С., ҳамшираи тиббии маркази  солимии репродуктивӣ Хоҷаева Ҷ. ва ҳамшираи тибби оилавии маркази саломатии деҳаи Тоҷирон        Салимова Ш. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо ханандагони синфҳои 10-11 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО (СПИД) вохӯрӣ доир намуданд.  

 Ба иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба тарзи гузариш, пешгирӣ аз мубталошавӣ ва аломатҳои бемории мазкур иттилоъ дода шуд. Баъдан баҳри пешгирии бемории ВНМО маркази ВНМО дар якҷоягии маркази  ташаккули тарзи ҳаёти солим ба иштирокчиён, зиёда аз 60 – варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуд.