Ҷамъомади умумии шӯрои занон дар литсейи давлатии №2

.

 Рӯзи 11 сентябри соли 2019 дар литсейи давлатии №2 ҷамъомади шӯрои занони литсейи давлатии №2 доир гардид.  Чӣ тавре директори литсейи давлатии №2 Ниматуллоева Бахтинисо  иттилоъ дод, дар Шӯрои занон  ду масъала:

 Интихоби раиси занон ва духтарони литсей

  1. Риоя намудани тартибу интизоми дохилимуассисавӣ, риоя намудани сару либоси ягона барои мактаббачагон ва муаллимаҳо дар соли таҳсили 2019 – 2020   дида баромада шуд.

Раиси занон ва духтарони литсей  Искандарова Ватансултон оид ба ҷамъбасти соли хониши 2018 – 2019 суханронӣ намуда, оид ба интихоби раиси нави занон ва духтарон таклиф пешниҳод намуд.  Пешниҳод шуд, ки Искандарова В.  дар вазифаи раиси занон ва духтарони литсей мононда шуда, ба раиси духтарони литсей Бобоева Фаришта хонандаи синфи 11 интихоб карда шавад.