Роғун бахту саодати миллати тоҷик

.

Санаи 9-уми сентябри соли 2019 барои миллати тоҷик як санаи бузурги таърихӣ буда, шуҳрат ва номи  миллатро боз дар арсаи ҷахон баланд бардошт. Дар ин рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони зиёде аз хориҷи кишвар чархи дуюми Неругоҳои  барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд. Ин дастоварди бузурги миллат, ин дастоварди замони истиқлолият буд, ки иродаи матину устувори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги онро нишон дод. Нишон дод, ки миллат бо Пешвои худ аз ӯҳдаи ҳар кори бузург баромада метавонад.

 

Ин рӯйдод аз он ҷиҳат хотирмон, ибратомӯз ва шарафовар аст, ки  ба рағми душманони хориҷӣ, ки сохтмои Неругоҳи  барқи обии «Роғун»-ро  як хаёлу афсонаи тоҷикӣ меномиданд, амалӣ нишон дод. Нишон дод, ки миллат иродаи матин дорад ва бо Пешвои созандаи худ аз иҷрои ҳама кор бо сарбаландӣ баромада метавонад.

Бояд қайд намоем, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи сазовори худро пайдо карда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии минтақа ва ҷаҳон нақши фаъол дорад.

Ба кор андохтани чархи дуввуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин гардиши наве дар тақдиру бахту содати миллати тоҷик мебошад, ки ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳоварӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дод ва  маълуми оламиён гардонд.

Истиқлолияти энергетикӣ ин корнамоиҳои фарзанди фарзонаи миллат, роҳнамои наслҳо ба сӯи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву  болидагии ватану миллат мебошад.

Таърихи сохтмони НБО-и «Роғун» бисёр печида ва саршори монеаҳои табиию сунъист. Дар сарчашмаҳои таърихӣ санаи оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин неругоҳ, дар Осиёи Марказӣ беназир аст, 10-уми июли соли 1972 сабт гардидааст. Дар ин рӯз сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Гидроспетсстрой» Борис Петрович Соболев варақаи оғози корро пур кардааст. Сохтмони неругоҳ расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1987 ҷараён дошт. Аммо бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он мавқуф гузошта шуд ва танҳо баъд аз чандин соли  соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар шуд, ки сохтмони НБО-и «Роғун» -ро дубора эҳё намоем. Агарчи  иқдоми дубора бунёд намудани  неругоҳ  бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, вале бо дарки амиқ аҳамияти ин иншооти азими гидроэнергетикии аср ва дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъона, бо роҳнамоии Пешвои миллат 16-уми ноябри соли 2018 агрегати  якум  ва 9-уми сентябри соли 2019 агрегати  дуюми НБО-и «Роғун» ба кор дароварда шуданд.

Боиси фараҳмандист, ки дар сохтмони НБО-и «Роғун», ки ин иншооти бузурги аср ба ҳисоб меравад, дар давоми фаъолияташ зиёда аз садҳо нафар ҷавонони саодатманди шаҳри Левакант дар катори дигар сокинони кишвар саҳми босазои худро гузоштанд ва гузошта истодаанд. Масалан Раҷабов Ҳабиб, Носиров Файзиддин, Носиров Аҳлиддин, Еқубов Зоир, Кенҷаев Шамсиддин, Еқубов Давлат, Салимов Абдураҳим, Раҷабов Сироҷиддин, Раҷабов Давлатмурод, Ҳусейнов Зоир, Саидов Субҳиддин ва ғайраҳо саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Дар арафаи ба истифода додани агрегати якуми НБО-и «Роғун» бисёре аз ҷавонони мо бо ифтихорнома ва мукофотҳои молию пулӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Ҷавонони саодатманди шаҳри Левакант ҷонибдорӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар бунёди давлати демократӣ,  ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзандаи худро гузошта, давлати соҳибистиқлоламонро ба давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил медиҳем.

 

              Бердӣ Валиев, собиқадори меҳнат, шаҳри Левакант