«Пешгирии бемориҳои сироятӣ –масъалаи аввалиндараҷаи МНДСЭ»
Давоми ҳафтаи гузашта аз тарафи шуъбаҳои Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Левакант дар беморхонаи марказӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, мағозаҳои ҳудуди шаҳр, корхонаи пахтатозакунии «Субҳи Сарбанд» ва сартарошхонаҳо санҷишҳои нақшавӣ гузаронида шуда, аз ҷониби кормандони маркази мазкур оид ба пешгирии бемориҳои мавсимӣ аз қабили таби хунин, бемории сухтанӣ, домана, дарунравӣ, ба фуруш набаровардани маҳсулоти хӯрокаи муҳлаташ гузашта, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва таъмини хонандагон бо оби нӯшокии ҷушонидашуда корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.